Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳисоботи ахири худ вобаста ба хатарҳои буҷавии марбут ба муассисаю корхонаҳои давлатӣ ширкати «Барқи тоҷик»-ро қарздори калонтарин аз рӯи андозҳо унвон кардааст.
Ба иттилои вазоратхонаи мазкур қарзи ин ширкат 80,4 фоизи ҳамаи қарзҳои андозро ташкил медиҳад. Вазорати молия ҳадафи ҳисоботашро муайян кардани хатарҳои мушаххаси буҷавии марбут ба корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва таъсири онҳо ба вазъи ояндаи молиявии давлат унвон кардааст. Зимни тартиб додани ҳисобот маълумоти молиявӣ то 31 декабри соли 2011-ро мавриди истифода қарор додаанд. Дар ҳисобот ҳамчунин аз қарзҳои калонтарини дебиторию кредитории корхонаҳо гуфта мешавад. Тибқи он қарздори калонтарини «Талко» ширкати «Герберт Смит» (249 миллиону 419 ҳазору 500 сомонӣ) будааст.
Қарзи дебитории «Барқи тоҷик» чунин аст: Қарзи умумии корхонаю ташкилотҳо- 33 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, қарзи умумии аҳолӣ - 276 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва қарзи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об – 182 миллиону 500 ҳазор сомонӣ.