Масоили муҳоҷирати кории Тоҷикистонро дар Швейсария баррасӣ мекунанд
Баъди зуҳри имрӯз, 13-уми апрел Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба шаҳри Женева меравад.
Ҳадафи ин сафар ширкат дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи СММ оид ба «Ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирон меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо» унвон мешавад. Сафиалло Девонаевро роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор низ ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Абдулло Қодирӣ, сухангуи Хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки дар ҳамоиши мазкур баррасии масоили марбут ба муҳоҷират, ба вижа ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аҳли хонаводаи онҳо дар назар аст. Ба қавли номбурда дар ҷаласа ҳамаи кишварҳои узви СММ ширкат намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои мухталифи муҳоҷирати меҳнатӣ мубодила афкор мекунанд.