Ба гуфтаи Халил, ҳамсарони Бен Лодан ба далели сукунати ғайриқонунӣ дар Покистон ба 45 рӯз зиндон ва пардохти 110$ ҷарима, маҳкум шудаанд. Муддати боздошти хонаводаи Бен Лодан рӯзи 17-апрел поён меёбад ва инҳо рӯзи 18-уми апрел ба Арабистони Саъудӣ бозгардонда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ду ҳамсари боздоштшудаи Бен Лодан дар Покистон аҳли Арабистони Саъудӣ ва яке аз онҳо шаҳрванди Яман аст.