Нуралӣ Шукуров пешниҳод кард, ки дар Кодекси нави андози кишвар муқаррароти иловагӣ ворид шавад, то ширкатҳои дар соҳаи ҷустӯҷӯ ва омӯзиши геологии нафту газ фаъолро аз имтиёзҳо бархурдор созад. Шукуров кишвари ҳамсояи Ӯзбакистонро мисол меорад, ки бо ташаббуси президенташ дар он ширкатҳои машғул ба ҷустуҷӯи нафту газ тақрибан аз ҳамаи андозҳо озоданд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи Шукуров ширкатҳои бахши ҷустӯҷуи нафту газ аз рӯи меъёри умумӣ фаъолият карда истодаанд. Сарфи назар аз он, ки фаъолияташон ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ равона шудаст.
Ширкати «Газпром зарубежнефтегаз» дар Тоҷикистон ба омӯзишу ҷустуҷӯи нафту газ машғул аст. То ҳол аз конҳои Саригазону Ренгон ба далели худкифо набудани коркарди минбаъдаашон даст кашида, корҳои пармакуниро дар чоҳи Сариқамиш идома дода истодааст.