Шоми 19-уми апрел хабарнигори нашрияи «Уралской недели»-и Қазоқистон мавриди ҳамла қарор гирифт.
Тибқи хабарҳои расида ба Лукпан Аҳмадёров дар назди манзили зисташ панҷ ҷавон ҳамлавар шудаанд. Аҳмадёров бо ҳашт захми корд ва ҷароҳати тапончаи пневматикӣ ба беморхона интиқол ёфтааст. Ҳолати ӯро табибон ваҳим арзёбӣ кардаанд.
Ба қавли кормандони нашрияи «Уралской недели» ҳодисаи мазкур ба фаъолияти касбии Аҳмадёров рабт дорад. Лукпан яке аз журналистони мухолифи ҳукумат шинохта мешавад. Ӯ чандин маротиба дар гирдиҳамоиҳои намояндагони оппозитсияи Қазоқистон ширкат кардааст.