Суқути ҳавопаймо дасти кам ҷони 127 нафарро гирифт
Бар асари суқути як ҳавопаймо дар Покистон дастикам 127 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора хабаргузории Dawn.com бо такя ба Вазорати дифои он кишвар хабар додааст. Бино ба навиштаи сомона тайёраи Boeing 737, ки мутааллиқи ширкати ҳавопаймоии Bhoja Airline буда, якҷо бо сарнишинон 132 нафар мусофир доштааст, дар наздикии пойгоҳи ҳарбии Чаклала, наздикии Исломобод суқут кардааст. Тайёра аввалин бор бо хатсайри Исломобод - Қарочӣ парвоз доштааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ боду ҳавои номусоид сабаби суқути тайёра гардидааст. Фарзияи дигар ин аст, ки эҳтимол задани барқ омили садама бошад. Бино ба маълумоти носанҷида, ҳавопаймо дар маҳали аҳолинишин суқут карда, ҳамчунин 40 манзили мардумро тахриб кардааст.
Гуфта мешавад, ширкати Bhoja Airline соли 2001 фаъолияташро бар асоси касоди молӣ қатъ карда, соли 2011 дубора фаъолияти мусофиркашониашро аз сар гирифтааст.