Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия имрӯз бо як сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон меояд.
Тавре аз ВКХ-и Тоҷикистон ба Озодагон гуфтанд, боздиди Лавров ба муносибати 20 солагии барқарории муносиботи дипломатии Тоҷикистону Русия марбут аст. Қарор аст, зимни ин сафар Сергуй Лавров бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот намояд.
Ба иттилои манбаъ зимни ин вохӯриҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, ҳамчунин самти ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавие чун ИДМ, СПАД ва СҲШ баррасӣ хоҳад шуд.