Мактабҳои Суғд барои Ҷоми ҲХДТ мубориза мебаранд
Дар шимоли кишвар сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) миёни дастаҳои мактабҳои махсус ва олии вилояти Суғд ҷараён дорад.
Рӯзи аввали мусобиқа, 20-уми апрел тими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дастаи Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Рӯзи дуюм Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов вориди рақобат шуд. Вақти асосӣ ғолибро муайян накард. Дар пайи силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бозингарони коллеҷ дастболо шуданд.
Мусобиқаи мазкур бо ибтикории намояндагии ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ созмон ёфта, ғолибон рӯзи 26-уми апрел муайян мегарданд.