Алексей Семёнов: 100% кафолат медиҳам, ки дар ширкати мо «ошнобозӣ» нест
Ман 100% кафолат медиҳам, ки дар ширкати мо ришва ва «ошнобозӣ» мавҷуд нест. Мо дар ҷустуҷӯи мутахассисони касбӣ ҳастем.
Ин матлабро Алексей Семёнов, сарвари иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар посух ба саволи як хонандаи хабаргузории Озодагон иброз дошт. Номбурда ҳамчунин дар ҷавоб ба саволи хонандаи дигари хабаргузорӣ дар мавриди мизони моҳонаи кормандони ширкати «МегаФон» гуфт: «Дар маҷмӯъ сатҳи моҳонаи кормандони МегаФон 20% аз нишондоди миёнаи Тоҷикистон болотар аст».Посухҳои дигари ҷаноби Семёновро бо нохун задан рӯи ин хат мутолиа намоед: https://www.ozodagon.com/rbr/97