25-уми апрел бозиҳои мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон оғоз мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сабқати Лигаи аввал 14 даста (7 тим аз вилояти Хатлон, 3 даста аз Душанбе ва 4 даста аз шаҳру навоҳии тобеи марказ) ширкат мекунанд.
«Локомотив», «Пойтахт», СКИФ (шаҳри Душанбе), «Саройкамар» (ноҳияи Панҷ), «Сабо» (ноҳияи Шаҳринав), «Ситора», «Кӯктош» (ноҳияи Рӯдакӣ), «Ҳулбук», «Самар» (ноҳияи Восеъ), «Бохтар» (ноҳияи Бохтар), «Барқ» (шаҳри Норак), «Файзобод» (ноҳияи Файзобод), «Пахтакор» (ноҳияи Қабодиён) ва «Панҷшер» (ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ) бо ҳам вориди рақобат мешаванд.
Давраи аввали мусобиқа бо дидори «Саройкамар»–«Панҷшер», «Сабо»–«Самар», «Кӯктош»–«Ситора», «Ҳулбук»–«Пахтакор», «Пойтахт»–«Барқ» оғоз мешавад.
Оғози ҳамаи бозиҳо соати 16:00 муайян шудааст.
Бозиҳои «Бохтар»-«Файзобод» ва «Локомотив»-СКИФ ба мӯҳлати дертар гузошта шудаанд.