Шоми дирӯз, 23-юми апрел дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили пешгирӣ аз оқибатҳои боришоти сели мавсимӣ дар минтақаҳои хавфноки аҳолинишини пойтахт ва беҳдошти ҳолати каналу селпартоҳои марзгузар таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор шуд, ки дар он раисони маҳаллаҳо ва сардорони оилаҳои манзили истикоматияшон осебпазир ширкат доштанд.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа ҳамзамон роҳбарони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, раисони комиссияҳои депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳузур доштанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз натиҷаи боздидҳои анҷомдодааш аз ҳудудҳои хавфнок ва осебпазири шаҳр, ба хусус маҳаллаи Лучоб фаъолияти анҷомдодаи сохторҳо ва соҳибмулконро ғариқаноатбахш шуморида, барои ислоҳи вазъ бо сафарбарсозии нерӯҳои иловагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар робита ба ин фаъолияти анҷомдодаи сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Кенҷаевро нокифоя шуморида, барои тақвияти фаъолияташ то нимсолаи аввали соли 2012 мӯҳлат муқаррар намуд.
Ҳамзамон баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон, ки дар минтақаҳои хавфноки ба офатҳои селоӣ, обхезӣ, тарқиши замин ва фаромадани ярч гирифторшавияшон аз эҳтимол дур нест, сукунат доранд, зикр намуд, ки дар мӯҳлати ду соли пешоянд оилаҳои мутазаккира ба ҷойҳои барои зист бехатар кӯчонида мешаванд.
Инчунин зимни мулоқот бо сокинон баҳри баровардани эҳтиёҷоти онҳо оид ба баррасии муроҷиатҳояшон ба раисони ноҳияҳо дастур фармуд, ки қабули шаҳрвандонро таври доимӣ як ҳафта дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо ва ҳафтаи дигар маҳаллаҳо ташкил намоянд.
«Дар ҷаласа бо дахли масоили тақвияти корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида, аз фаъолияти пудратчиёни иҷрои корҳо интиқод намуда, ба мавсуф муқаррар намуд, ки бо зиёд намудани техникаву таҷҳизоти таъмирӣ ва кормандон то 6-уми майи соли 2012 нақшаҳои пешбинигардидаро комилан тадбиқ намоянд ва рӯзҳои 7-8-уми май комиссияи давлатии қабул бо ҷалби сохторҳои ҷамъиятии шаҳр фаъолияташро анҷом диҳад»,-афзуд манбаъ.