Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон унвони ҳамтои укроинии худ Виктор Янукович барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар ин мактуб, ки ба хотири бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистон ва Украина фиристода шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки: «Кишварҳои мо тайи бист соли гузашта майлу маромашонро дар амри байни худ роҳандозӣ ва дастгирӣ намудани муносибатҳои дӯстии самимона ва ҳамкории мутақобилан муфид амалан тасдиқ намуданд. Хурсандибахш аст, ки имрӯз муносибатҳои байни Тоҷикистону Украина бо ҳамаҷонибагии худ фарқ намуда ва бисёр соҳаҳои ҳамкориро фаро мегиранд, ки дар онҳо манфиатҳояшон мушобеҳи якдигаранд. Ин муносибатҳо, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои дигари байнидавлатиро дар назар доранд, ба воқеияти замон мувофиқ буда, ҷавобгӯи саъю кӯшишҳои мо дар амри таъмини рушди бемайлони некӯаҳволии халқҳоямон ва ояндаи шоистаи онҳо мебошанд».
Зимнан, аз номи президенти Украина ҳам унвонии Эмомалӣ Раҳмон чунин як барқияи табрикотӣ расидааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳури Тоҷикистон дар нома аз ҷумла омадааст: «Давлатҳои мо дар давраи гузашта барои рушду густариши ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷониба кори зиёдеро ба ҷо оварда, ба сатҳи баланди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баромаданд.
Аҳду паймоне, ки мо дар ҷараёни ташрифи расмии Шумо ба Украина карда будем, бешубҳа, саҳми бузурге ба рушди пайгиронаи робитаҳои дӯстонаи анъанавии байни мамлакатҳоямон гардид. Аминам, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои ҷавобгӯи манфиати якдигар ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ба нафъи халқҳои Украинаю Тоҷикистон ва таҳкими мавқеъҳои давлатҳоямон дар арсаи ҷаҳон мусоидат мекунад».