Аз РКД-и вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел вектра» Фирдавс Раҷабови 22 сола аснои ҳаракат дар километри 8-уми роҳи Хуҷанд-Ғафуров идораи нақлиётро аз даст дода, онро ба канори чапи роҳ чаппа мекунад.
Дар натиҷа мусофири автомашина Элмира Суяроваи 34 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, пас аз интиқол ёфтанаш ба беморхона ба ҳалокат мерасад. Мусофири дигар Фахриддин Одинаеви 29 сола дар касалхона бистарӣ аст.
Бино ба иттилои манбаъ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ 109 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 94 нафар ҷони худро аз даст дода, 347 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар натиҷаи 345 садамаи ҳамин давраи соли гузашта, 122 нафар қурбон шуда, теъдоди захмиҳо ба 386 мерасид.