Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт дар пайи як амалиёт миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира карданд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, кормандони милиса зимни амалиёт дар ноҳияи Фирдавсӣ Далер Хушвахтови 26 соларо дастгир карданд.
Аснои кофтукови шахсӣ аз номбурда 9 кило маводи нашъадори навъи ҳашиш ёфт ва мусодира шуд.