Норимаса Шимомураро дар Суғд интизоранд
Фардо, 25-уми апрел роҳбари барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба вилояти Суғд меравад.
Аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд ба Озодагон гуфтанд, ки Норимаса Шимомура дар ин сафар аз ҷараёни иҷроиши лоиҳаҳо дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» ва маблағгузории лоиҳаҳои «Фонди боварӣ» дар ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ошно хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ 26-уми апрел роҳбари барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода мулоқот мекунад.
«Ҳамчунин Норимаса Шимомура дар ҷаласаи гурӯҳи кории вилоятӣ оид ба рафти тадбиқи рушди иқтисодии деҳот иштирок намуда, бо корхонаҳои хӯрди қарздиҳии «Суғдмикрофин» дар Маркази пешбари савдо ва содирот вохӯриҳо доир месозад.
Сафари кории роҳбари барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 27-уми апрел пас аз иштирок дар Шӯрои машваратии назди раиси вилоят анҷом мепазирад»,-афзуд манбаъ.