Рӯзҳои 26-27-уми апрел дар бинои «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ-тиҷоратӣ бо иштироки беш аз 20 ширкати хориҷӣ баргузор хоҳад шуд.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз ташкили ин намоишгоҳ роҳандозии ҳамкориҳо миёни ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани сармоягузорҳои мустақим ва ноил шудан ба рушди иқтисод мебошад.
Дар назар аст, зимни намоишгоҳи мазур масолеҳи сохтумонӣ, хоҷагии қишлоқ, озуқа, мебел ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шаванд. Манбаъ мегӯяд, дар ин намоиш асосан кишварҳои хориҷӣ аз қабили давлати Хитой, Франсия, Германия, Эрон ва Туркия молу маҳсулоти худро ворид мекунанд.