Кормандони раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон зимни як амалиёт аз воридоти миқдори зиёди дорувории пастсифати истеҳсоли ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷилав гирифтанд.
Нурулло Шарипов, сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумрук ба Озодагон гуфт, ки амалиёти мазкурро мақомоти гумрук дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ баргузор кардаанд. Ба қавли манбаъ дар пайи ин амалиёт 220 кило маводи дорувор, ки маблағи умумияш 2 006 долларро ташкил медиҳад, забт ва мусодира шудааст. «Ин миқдор маводи доруворӣ аз тариқи гузаргоҳи марзии Панҷи Поён ба Тоҷикистон интиқол меёфт. Ташхис муайян кард, ки он ба талаботи меъёрҳои дахлдор ҷавобгӯ нест»,-афзуд манбаъ.