Ёдовар мешавем, ба ҳайати дастаи мунтахаби мардонаи дзюдои Тоҷикисто ҳафт варзишгар- Ҷамшед Халилов (60 кг), Сӯҳроб Раҳимов (66 кг), Расул Боқиев (73 кг), Фарҳод Раҳимов (81 кг), Парвиз Собиров (90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (100 кг) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг) шомиланд
Сабқати қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон ҷараён дорад, фардо, 28-уми апрел ба анҷом мерасад. Ин мусобиқа охирин шонси дзюдочиёни тоҷик барои соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Лондон-2012 шудан аст.