Бахши сафорати ИМА дар Душанбе оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ ба марзбонони Тоҷикистон ба маблағи беш аз 170 000 доллар таҷҳизоти коммуникатсионӣ тақдим кард.
Аз сафоратхонаи Амрико ба Озодагон иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти мазкур аз стансияи доимии кӯтоҳмавҷ, дастгоҳҳои мобилӣ ва инфиродии кӯтоҳмавҷ бо лавозимоти дахлдор иборат аст. «Таҷҳизотро сардори шӯъбаи алоқаи раёсати сарҳадбонӣ полковник Шехов қабул кард. Таҷҳизоти мазкур барои баланд бардоштани иқтидори марзбонони Тоҷикистон ҷиҳати муборизаи пайвастаи онҳо алайҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ифротгароён мавриди истифода қарор мегирад»,-афзуд манбаъ.
Чарлз Грабб, корманди Бахши ҳамкориҳои ҳарбӣ зимни супурдани таҷҳизоти алоқа гуфт: «Марзбонони Тоҷикистон мутахассисони баландихтисосанд ва омодагии худро ба такмилдиҳии ихтисос намоиш доданд. Мо ифтихор дорем, ки имконияти ба онҳо кӯмак расониданро дорем».
Аз соли 1992 инчониб сафорати ИМА дар Душанбе ба барномаҳои кӯмакдиҳандаи рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, болоравии иқтисодӣ ва амният тахминан 984 миллион доллар таъмин намудааст.