Бо иттиҳоми дуздии сарпуши қубурҳои обгузар ду нафар боздошт шудааст. Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ Ҷумахон Идиев ва Гадоев Сангиаҳмад дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳудуди бинои 63-ум сарпӯши қубурҳои обгузари корхонаи воҳиди давлатии «Обу корезии Душанбе»-ро дуздидаанд: «Ин нафарон шабонгоҳ аз холӣ будани кӯча истифода намуда, сарпӯшҳои қубурҳои обгузарро ба яғмо бурда ва бар ивази 694 сомонӣ ба қабулгоҳи оҳанпораҳо фурӯхтаанд».
Сарпушҳо баргардонида шуда, тафтиши парванда идома дорад.