Дар «СИЗО»-и Кӯлоб шароити нигоҳдории маҳбусон ҷавобгӯи талабот аст
Шароити нигоҳдории маҳбусон дар тавқифгоҳи муваққатии №4-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия дар шаҳри Кӯлоб хуб буда, ҷавобгӯи талабот мебошад.
Ин нуктаро Умар Қаюмов, сардори боздоштгоҳи мазкур баён намуд. Ба қавли вай тавқифгоҳи мазкур барои нигоҳдории гумонбаршудаҳо дар анҷоми ҷиноят пешбинӣ шуда, дар он айбдоршавандаҳо то содир шудани ҳукми суд нигоҳ дошта мешаванд.
Умар Қаюмов мегӯяд, тибқи шароити ҷорӣ 18 нафар барои адои ҷазо дар ин маҳбасхона ба сар мебарад. Ин афрод аввалин маротиба ҳукми судӣ гирифтаанд.
Бо ташаббуси роҳбарият шароити маҳбусон хуб ба роҳ монда шуда, гумонбарон дар утоқҳои алоҳида 2, 4 ва 8 нафарӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатии №4 барои маҳбусони бемор шароити хуби тиббӣ муҳайё кардаанд. Бо дастгирии ташкилоти байналмиллалии «Каритас» 3 утоқи махсуси тиббӣ барои беморони сил, барои 12 ҷой, таъмиру барқарор шудааст. Дар ҳоли ҳозир бино ба иттилои манбаъ, 4 нафар аз маҳбусон ба ин маризӣ мубталоянд.
Судоба Муродова, фелдшери тавқифгоҳ мегӯяд, ҳолатҳое низ буд, ки гумонбаршудаҳо мубталои ВИЧ-СПИД буданд. «Инҳо ҳамагӣ нашъамандонанд. Соле пеш наздики 20 нафар аз гирифторони ин бемориро ба қайд гирифта будем. Имсол низ 17 нафар бо гумони мубталои ВИЧ будан, барои ташхис пешниҳод шудаанд»,- афзуд манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир, дар тавқифгоҳи муваққатии Кӯлоб 122 гумонбаршуда нигоҳ дошта мешавад.