Дар ин бора худи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили порлумон, ки бо як сафари кӯтоҳ дар Маскав қарор дошт, зимни як дидор бо ҳамватанон хабар ёфтааст.
Зимни шуниди ин хабар вакили порлумони Тоҷикистон гуфт, «ҳикматро дар он ёфтам, ки Худованд ба мо нишон дод, ки айби мо сиёсатмадорон аст, ки беш аз як миллион тоҷик дар ҳиҷрат қарор дорад ва аксари онҳо наметавонанд ба ахирин дидори модару падараш расидагӣ карда бошанд».
Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ки бо вуҷуди шунидани хабар дидорашро қатъ накард, ҳарчанд назди модар масъул буд. «Масъулияти бо Шумо будан болотар гирифт»,-илова кард ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ дар ин дидор бо ҳамватанон аслан сари эҳтироми волидайн ва қарзи фарзандӣ сӯҳбат намуд ва гуфт наметавонад сари мушкилоти ҷомеа сӯҳбат дошта бошад, зеро сиёсатмадор ҳам фарзанд аст ва дарди марги модар ӯро низ фарогир.