Нимаи аввали имрӯз, 3-юми май дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Ба хабаргузории Озодагон аз маркази зилзиласанҷии Душанбе иттилоъ доданд, ки соати 11:49 дар ҳудуди ҷумҳурӣ замин ҷунбидааст. Маркази заминларза 250 километри ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар сарҳади Афғонистон воқеъ будааст. Шиддати ларзиши он дар маркази ҷунбиш 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 балл будааст. Бар асари ин зилзила хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.