Боз як журналистро дар Душанбе лату куб карданд
Далер Шарипов, корманди шабакаи телевизионии «Сафина» шаби гузашта мавриди лату куб қарор гирифтааст.
Дар сӯҳбат ба Озодагон Далер гуфт, ки тақрибан соатҳои 23:00-и шаб дар наздикии сафорати Русия се нафар ба ӯ ҳамла бурдаанд. Ба гуфтаи номбурда ҳамроҳ бо ӯ як дӯсташ низ буд. Яке аз шахсони ҳамлавар рафиқашро дошта, ду тани дигар ба ӯ дармеафтанд. Ҳоло Далер Шарипов дар бемористони Қарияи Боло қарор дорад.
Гуфта мешавад, яке аз ҳамлаварон дастгир шудааст.
Зимнан, Маҳмадулло Асадуллооев, сухангӯи ВКД ба Озодагон гуфт, қазияро мавриди тафтиш қарор хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, Далер Шарипов, яке аз созмондиҳандагони ташкилоти иҷтимоиии «Қадам ба қадам» аст. Ҳадафи ин созмон аз байн бурдани маҳалгароӣ ва ба вуҷуд овардани тафоҳуми умумӣ миёни ҷавонони Тоҷикистон аст. Ҳоло ин созмон сабти ном нашудааст.