Дар ҳамин ҳол ҷиноҳҳои «Русияи воҳид» ва ЛДПР гуфтаанд, якдилона аз номзадии Дмитрий Медведев дастгирӣ мекунанд.
Номзадии Медведевро Владимир Путин ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард. Қарор аст, вакилон имрӯз, 8-уми май соати 15:00 (вақти Маскав) пешниҳоди мазкурро баррасӣ намоянд. Агар ба ҷонибдории Медведевро 226 вакил овоз бидиҳад, ӯ курсии сарвазири Русияро соҳиб хоҳад шуд.