Тими миллии Тоҷикистон дар рейтинги ҷадиди Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бо 255 имтиёз дар зинаи 131-ум нишастааст.
Дар ин феҳраст, ки 9-уми май дар сомонаи ФИФА нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро дар қиёс ба моҳи апрел тағйир надодааст.
Дар сегонаи аввал низ ҳеҷ тағироте нест. Испания дар мақоми аввал, Олмон дар зинаи дув а Уругвай дар ҷои сеюманд. Нидерландия ва Португалия мутаносибан дар мақоми чор ва панҷ нишастаанд.
Рейтинги навбатии ФИФА 6-уми июн нашр мешавад.