Ҳамрохон Зарифӣ бо президенти Хитой мулоқот мекунад
Имрӯз, 11-уми май дар шаҳри Пекин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз кард.
Аз Вазорати корҳои хориҷа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки дар чорчуби ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо як қатор ҳуҷҷатҳоро дар мавзӯи амният ва суббот дар минтақа, ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар мубориза бо тероризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳамчунин қарорҳо дар бораи баргузории Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ баррасӣ менамоянд. Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ-ро раиси ҷумҳурии халқии Хитой ба ҳузур мепазирад.