Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба хабаргузории Озодагон гуфтанд, ки дар шаҳри Кӯлоб ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба 124 манзили маскунӣ (деҳаи Сангпар - 44 ва Офтоблиқо - 80 хона) обу лоиқа даромадааст. Инчунин дар ҷамоати деҳоти Даҳана, рустои Ёхсучиён иншоотҳои ёрирасони 2 шаҳрванд зарар дидааст.
Дар деҳаи Гарабдараи ноҳияи Муъминобод сел пули асосии маҳалларо корношоям гардонида ба 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар расондааст. Дар ҳудуди деҳоти Туто ба масофаи 600 метр роҳи байни деҳа хароб шудааст. Дар ҷамоати деҳоти Кулчашма сойи Алот, Чаргӣ, Личак, Геш маҷрои худро дигар намуда ба даруни деҳаҳои Кулчашма, Ғофилобод, Гулистон, Деҳлоло ҷорӣ шудааст, ки дар натиҷа манзили зисти 20 нафар ва қитъаҳои назди ҳавлигиашон пур аз лойқа ва сангу шағал гардидааст.
Рузи гузашта (11 май) соати 18:00 дар натиҷаи борони пуршиддат ва омадани сел ба 6 хонаи истиқоматии шаҳрвандони деҳаи Оқ - олтини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Қумсангир обу лоиқа даромадааст. Соати 11:00-и ҳамон рӯз дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин, маҳалаи Қибили шаҳри Норак фаромадани ярч ба қайд гирифта шуд, ки дарозиаш 100 метр, баландиаш 7,8 метр, бараш 30 метрро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳодиса роҳи мошингарди байни деҳаи Қибил бо шоҳроҳи Данғара баста шудааст. Айни ҳол рафту омади аҳолӣ аз роҳи эҳтиётӣ ҷараён дорад.
«Ҷиҳати бартараф намудани оқибати офати табиӣ хадамотҳои мудофиаи шаҳрвандии дахлдори шаҳру навоҳии осебдида сафарбар шудаанд»,-афзуд манбаъ.