Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 14 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфта, ба ҳолати якуми апрели имсол 2 миллиарду 138 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Вазорати молия аз ҳама зиёд Тоҷикистон аз Чин қарздор аст. Манбаъ ҳаҷми қарздориро дар назди Чин 878 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кард. Миёни созмонҳои молиявии байналмилалӣ аз ҳама зиёд ба Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ қарз додаст, ки зиёда аз 371 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар паи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд қарор дорад, ки Тоҷикистон аз он 333 миллион доллари амрикоӣ қарздор аст.
Масъулини Вазорати молия изҳор медоранд, ки ба ҳолати аввали моҳи апрел ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 30 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Масъулини вазорат таъкид мекунанд, ки то 40 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар афзудани қарзи хориҷӣ ягон таҳдиде дар пай надорад.
Имсол аз буҷаи давлат барои рӯйпӯш кардани қарзу фоизҳо сад миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.