Раиси гоҳияи Ашт ба кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия автомашинаи хизматии тамғаи «Карандо» такдим карда, афзуд ки ҳар кадоме аз мо - аҳли ҷомеа новобаста аз вазифаамон бояд ба мақомоти милитсия ҷиҳати пешрафти кору фаъолияташон мусоидат карда, саҳми худро дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷомеа гузорем.
Тавре ба «Озодагон» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ доданд,имрӯзҳо робитаю ҳамкориҳои ҳукуматҳои маҳал ва аҳолӣ бо кормандони мақомоти милитсия хуб ба мушоҳида мерасад. Мусоидат кардан ба пешрафти ҳамкориҳо беҳтарин омили рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа буда, дар якҷоягӣ метавон пеши роҳи ҳамагуна кирдорҳои хавфноки ҷинояткориро гирифта, ба ободии Ватан мусоидат кард. Бо ин мақсад раиси ҳукумати ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар таъмиру ба истифода додани утоқҳои кории нозирони минтақавӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, ҷиҳозонидани утоқҳои кории кормандони милитсия аз қабили телевизору дастгоҳҳои компютерӣ ва ҷевону мизу курсӣ саҳм гузошт.
Инчунин, ба кормандони милитсияе, ки ба манзили зист ниёз доранд, барои бунёди манзил бе навбат замин ҷудо карда мешавад, афзуд манбаъ.