Сарчашмаи хабар сабаби коҳиши истеҳсоли сементро дар моҳи апрел қатъи интиқоли гази ӯзбекӣ номид, ки дар натиҷа калонтарин корхонаи сементбарории кишвар, - «Тоҷиксемент» аз 1 –ум то 20 –уми апрел аз фаъолият монд.
Имсол тибқи барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бояд дар кишвар наздики 700 ҳазор тон семент истеҳсол гардад, ки амалӣ намудани нисфи ин нишондод ҳам зери суол аст. Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон сабаби ба таври лозимӣ татбиқ нагардидани барномаҳо ва дурнамои истеҳсолотро номӯътадилии таъминот бо гази ӯзбекӣ номиданд.