Раис ҷумҳури Ӯзбакистон низ дар посух ба суханони ҳамтои руси худ изҳор дошт: «Вақте шумо барои аввалин бор дар соли 2000-ум ба мақоми раёсат ҷумҳурӣ расидед, ман гуфтам, Путин ҳамон фардест, ки бо ӯ метавон ҳамкорӣ кард ва акнун низ иҷоза бидиҳед ин ҳарфро бори дигар такрор кунам то ҳама бишнаванд».
Каримов бо ишора ба хусусиёти мусбати Путин вайро фарде амалгаро донист ва изҳори умедворӣ кард , ки дар давраи саввуми президентияш равобити ҳамаҷониба байни Ӯзбакистон ва Русия густариш меёбад.