Дониёр Топк, донишҷӯи бахши сеюми Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия барандаи олимпиадаи чорум доир ба технологияҳои иттилоотӣ ва шабакавии «NetRiders Tajikistan 2012» дониста шуд.
Номбурда баъд аз натиҷагирии озмун дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт, ҳакамон ба ӯ 42 имтиёз додаанд, ки дар қиёс ба дигар иштирокчиён баландтарин будааст: «Дар ин озмун саволҳои тестӣ вобаста ба технологияи компютерӣ, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ каме бароям душвор менамуд. Барои ҷавоби дурустро интихоб намудан з хеле зиёд фикр мекардам ва кушиш меанамудам, то ба хатоие роҳ надиҳам».
Ба ғолиби озмун аз ҷониби ширкати миллии телекоммуникатсионии «Вавилон-Т» ва оператори алоқаи мобилӣ «Вавилон-Мобайл» нетбук тақдим шуд. Озмун аз 16 то 18-уми майи ҷараён гирифт. Масъулини Маркази технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории озмун тарғиби истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар байни ҷавонон ва баҳри рушди потенсиали кадрии кишвар дар соҳаи ТИК мебошад.