Селхезӣ ин навбат ба чор ноҳияи кишвар хисорот овард
Бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои 19-20-уми моҳи ҷорӣ чор навоҳии Тоҷикистон зарар дид.
Ориф Нозимов, сухангуӣ дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба Озодагон гуфт, боришоти шаби гузашта (20-уми май), ки селобаро дар пай дошт, пули деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакиро шуста бурдааст.
Дар натиҷаи боришоти борону жолаи рӯзи 19-уми май бошад, дар деҳаи Муҳаммадиеви ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав 8 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст. Инчунин, дар савхози № 5-и ҷамоати деҳоти мазкур ба 2 манзили зист ва заминҳои наздиҳавлигӣ обу лойқа даромадааст.
«Соати 16:30-и рӯзи 19-уми май баъд аз боридани борони пуршиддат, дар деҳаи Усто - Корони ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус сел омада, 3 манзили истиқоматиро пурра хароб кард. 1 хонаи дигар қисман зарар дидааст»,-афзуд манбаъ.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода илова кард, ки шаби 19-уми май, соати 22:20 дар натиҷаи боридани борон дар деҳаи «Нури Вахш»-и ноҳияи Ҷиликул аз куҳҳо сангу лойқа канда шуда, ба 13 замини наздиҳавлигӣ хисорот овард.
Хушбахтона ҳеч яке аз ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ надоштааст.