Саррофон дар бисёре аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе долларро аз қурби дар овезаҳояшон нишондода қимматтар мефурӯшанд. Дар овезаҳо арзиши як доллар зимни фурӯш 4,88 сомонӣ нишон дода шудаст, вале фурӯшандаҳо барои як доллар 4,9 сомонӣ талаб мекунанд.
Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ин амали фурӯшандаҳои нуқтаи мубодилаи асъорро ғайриқонунӣ мегӯянд. Манбаъ аз Бонки миллии кишвар афзуд: «Мо ҳақ надорем ба раванди муайян намудани қурб дар нуқтаҳо дахолат намоем. Онро соҳибони нуқтаҳои мубодила бо фармони қурб муайян мекунанд ва дар овезаҳо нишон медиҳанд. Вақте дар овеза қурб нишон дода шуд, фурӯшандаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор ӯҳдадоранд онро риоя кунанд. Корманди нуқтаи мубодилаи асъор ҳақ надорад, ки зимни хариду фурӯши асъор ба як кас 5 дирам арзонтару ба нафари дигар қимматтар фурӯшад. Бояд аз рӯйи нишондоди овезаи нуқтаи мубодилаи асъор фаъолият кунад».
Дар сурати дучор гардидан ба ҳолати зикршуда, масъулини Бонки миллӣ маслиҳат медиҳанд, ки шаҳрвандон ба нафарони дахлдор, ки рақамҳояшон дар тахтаи эълони ҳар нуқтаи мубодилаи асъор навишта шудааст, муроҷиат намоянд.