Дар Агентии Тоҷикстандарт бо ширкати истеҳсолкунандагони масолеҳи сотхмонӣ, соҳибкорон ва масъулини ниҳодҳои давлатӣ ҳамоиши вижае сурат пазируфт.
Масъулини Тоҷикстандарт эълон карданд, ки барои ҳамкории густурда бо ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон, инчунин соҳибкорони инфиродӣ омодаанд. Зикр шуд, ки Тоҷикистандарт мехоҳад дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ташкили истеҳсолот, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ мусоидат намояд.
«Дар ин самт мо омодаем, ки бе ягон мамоният истеҳсолкунандагон, соҳибкорон ва дигар субъекти фаъолияти хоҷагидорро бо стандартҳои байнидавлатӣ ва миллӣ, стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ, дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин намоем»,-гуфт як масъули Тоҷикстандарт.