Моргазида аз ресмони ало метарсад
Чорвопарварони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз боду ҳавои муносиб истифода бурда, захираи хӯрокаи чорворо ба тарзи назаррас ба роҳ мондан доранд.
Дар ҳамаи минтақа то рӯзи 23-уми май аллакай ба миқдори беш аз 8 ҳазор тона хошок, аз ҷумла 4908 тона беда, 1038 тарбеда ва боқӣ каҳдарза захира шудааст.
Тибқи иттилои Карим Ҳакимов, сардори идораи кишоварзии гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, дар минтақа 273455 сар моли майда ва 44667 сар ҳайвони калони шохдор парвариш меёбад.
«Имсол аз сабаби боришоти зиёд дар талу теппаҳо алафу сабза ва дар хоҷагихо беда зиёд сабзидааст. Соли гузашта, зимистони сарду дароз барои чорвопарварон мушкили зиёд овард. Захираи коҳу хошоки дурушт басанда набуд. Аз ин сабаб, талафоти чорво зиёд буд. Имсол кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки захираи хошокро ба таври зарурӣ ба роҳ монем»,- афзуд манбаъ.