Ӯзбакистон муваззаф шуд, ки дар 4 моҳи оянда қарзи «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро пурра пардохт намояд
Роҳҳои оҳани кишварҳои хориҷӣ аз қабили Ӯзбакистон, Туркманистон, Озарбойҷон аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз 10 миллион доллар қарздоранд.
Тавре аз Вазорати нақлиёти кишвар ба ҳабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, то ҳол роҳи оҳани Туркманистон ба маблағи 34,2 миллион сомонӣ, Ӯзбакистон 17,4 миллион сомонӣ ва Озарбойҷон 178 ҳазор сомонӣ қарзи худро дар назди КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пардохт накардаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Шӯрои нақлиёти роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ зимни як ҳамоиш дар шаҳри Маскави Русия қарор кардааст, ки то моҳи сентябри соли равон роҳҳои оҳани Ӯзбакистон, Туркманистон ва Озарбойҷон қарзҳои Тоҷикистонро пура пардохт намоянд. Ҳамчунин дар ин нишаст таъкид гардидааст, ки сари вақт пардохт намудани қарзҳоро роҳҳои оҳани дигар кишварҳо бояд аз Тоҷикистону Русия ва Белорусу Украина биомӯзанд.