Олланд бо сафари эълоннашудае ба Кобул омад
Франсуа Олланд, президенти тозаинтихоби Фаронса субҳи имрӯз бо сафари билоэълон вориди Кобул шуд.
Дар ин сафар Олландро вазири дифоъ Жан Ив Ле Дриан ва вазири умури хориҷаи Фаронса Лоран Фабиус ҳамроҳӣ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ФрансПресс хабар додааст. Бино ба навиштаи манбаъ Олланд бо асокири фаронсавӣ, ки дар Афғонистон хидмат мекунанд, дидору гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.
ФрансПресс навиштааст, ба хотири амнияти президент ин сафар бидуни эълон сурат гирифтааст.
Таъкид мекунем, ки ин нахустин сафари Франсуа Олланд ба Афғонистон ба симмати президенти Фаронса мебошад. Дар даврони сабқати президентӣ Олланд ваъда дода буд, ки ҳайати низомии Фаронсаро дар сурати ғолибияташ дар ин сабқат аз Афғонистон то охири сол берун хоҳад овард. Ин нияти худро Олланд дар дидори «Ҳаштгонаи бузург» ва дар Саммити НАТО дар Чикаго дубора таъкиду тасдиқ кард.
Пештар интизор мерафт, то нерӯҳои Эътилофи шимол то соли 2014 аз хоки Афғонистон берун кашида шаванд, аммо баъди он ки дар январи соли равон аз сӯи аскари афғон як аскари фаронсавӣ кушта шуд, президенти пешини Фаронса Николя Саркозӣ аз суръат додани раванди берунсозии нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон садо баланд кард.
Феълан дар Афғонистон беш аз 3300 аскари фаронсавӣ адои хидмат мекунанд ва тӯли 10 соли амалоти зиддитерористӣ дар ин кишвар 83 нафар аз ин теъдод кушта шудаанд.