Фардо, 26-уми май маърӯзачии вижаи СММ оид ба ҳуқуқи ҳар як шахс барои истифода аз стандартҳои мавҷуда дар бахши саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ Ананд Гровер ба вилояти Суғд сафар мекунад.
Ҷаноби Ананд Гровер тибқи барномаи сафар бо муовини якуми раиси вилоят Ҷуъмабой Сангинов ва роҳбарони сохторҳои соҳаи тандурустӣ, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва молия мулоқот анҷом медиҳад.
Сипас аз марказҳои бемориҳои рӯҳӣ ва ёрии наркологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутбиддинов дар шаҳри Хуҷанд, инчунин муассисаи ислоҳотии №3/5 Вазорати адлияи Тоҷикистон боздид ба амал меорад.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳалллии Озодагон аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.