«Политехникум» рақобати «Истиқлол»-у ССКА «Помир»-ро интизор аст
Бозии даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ шурӯъ мешавад.
Се бозии аввали ин давр пагоҳ (26-уми май) сурат мегирад. «Ҳосилот» (Фархор) бо «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар варзишгоҳи марказии Фархор вориди сабқат мешавад. Қувваозмоии «Истаравшан» (Истаравшан)-у «Вахш» (Қӯрғонтеппа) дар варзишгоҳи «Родник»-и Спитамен мегузарад. «Истиқлол» (Душанбе) ва ССКА «Помир» (Душанбе) дар варзишгоҳи «Политехникум» бозӣ мекунанд.
Рӯзи 27-уми май дастаи «Зарафшон» (Панҷакент) бо «Регар ТадАЗ» (Турсунзода) дар варзишгоҳи марказии Панҷакент футбол мезананд. «Равшан» (Кӯлоб) бо «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб ва «Энергетик» (Душанбе) бо «Гвардия» (Душанбе) дар варзишгоҳи «Автомобилист» қувваозмоӣ хоҳанд кард. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17:00.
Нишонзанҳои беҳтарини сабқати мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ инҳоянд: Габриэл Донто («Энергетик») 7 тӯбро ба самар расондааст. Иброҳим Рабимов («Истиқлол») ва Индус Ҳусейнзода («Хуҷанд») 5 голӣ, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Мирзобек Мирзоев («Хайр»), Нӯъмонҷон Ҳакимов («Равшан»), Мансур Ҳакимов ва Хайрулло Ғайбуллоев («Парвоз») 4 голӣ задаанд.