Бар асари сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Данғара як нафар ба ҳалокат расида, ду каси дигар ҷароҳат бардошт.
Тибқи иттилои ВКД Неъматулло Сафарови 35 сола, ронандаи сабукрави «Опел-Астра» ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Қурғонтеппа бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда ба оҳани муҳофизатии канори чапи роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда Неъматулло Сафаров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мусофирони он Алишер Ҳомидови 35 сола ва Борон Шаҳбозови 31 сола, сокининони шаҳри Кӯлоб ҷароҳат бардошта, айни замон дар беморхона муолиҷа мегиранд.