Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ба Тоҷикистон меояд
Юрий Федотов, муовини Дабири кулли Созмони милали муттаҳид ва директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ фардо, 30-юми май бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад.
Бобоҷони Шафеъ, як масъули Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, ки ташрифи ҷаноби Федотов ба муносибати 13-умин солгарди таъсиси Агентӣ сурат мегирад. Ба қавли номбурда Юрий Федотов аз Афғонистон нахуст ба шаҳри Хоруғ ва баъдан ба Душанбе хоҳад омад.
Барномаи сафари соҳибмақоми СММ аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ мешавад. Баъдан номбурда аз Агентии назорати маводи нашъаовар дидан карда, дар ҷаласаи муштараки роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро ширкат мекунад. Бино ба гуфтаи Бобоҷони Шафеъ ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои зиддимухаддиротии се давлати ҳамсоя: Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон як нишасте хоҳад буд, ки ҳамкориҳо дар заминаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави се мамлакатро ҳамоҳанг мекунад
Манбаъ афзуд, ҳамчунин рӯзи 1-уми июн ҷаноби Федотов дар маросими таҷлили солгарди таъсиси Агентӣ ва дар маросими ифтитоҳи расмии студияи хурди сабти телевизион ва Маркази таълимии кинологии ин ниҳод ширкат мекунад.