Тавре Ориф Нозимов сухангӯи маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гаражданӣ ба хабаргузории Озодагон гуфт, рӯзи гузашта, (29 май) соати 13:10 дар деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ду сокини 14 сола ҳангоми оббозӣ дар кӯли моҳипарварии хоҷагии ҷангали вилоят ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Баъди гирифтани маълумот, соати 13:24 дақиқа гурӯҳи наҷотдиҳандагони Ситоди вилоят ба ҷои ҳодиса сафарбар гардидаанд. Ҳангоми бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ соати 14:10 дақиқа ҷасади ғарқшудагон ба манзилашон расонида шуд.
Номбурда афзуд, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо соли сипаригашта дар кишвар 118 нафар ҳалок гардида буд.
Манбаъ илова намуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар ба самъи шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар оғози мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо ва ҳавзҳо, ки эҳтимоли ғарқшавии шаҳрвандон вуҷуд дорад, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.