«Содирот»-и муҳоҷир аз «воридот» 2,5 маротиба зиёд шудаст
Аз якуми январ то оғози моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон 144 ҳазору 364 нафар муҳоҷир баргаштаанд, ки нисбати шумораи муҳоҷирони дар ин муддат аз Тоҷикистон рафта наздики 2,5 маротиба камтар аст.
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон миёни муҳоҷирони баргашта 123 ҳазору 872 нафар мард ва 20 ҳазору 492 нафар зан мебошанд.
Нархи бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо баҳори соли ҷорӣ то ба 150 доллари амрикоӣ арзон шуда буд. Масъулини ширкатҳои ҳавопаймоӣ далели арзонии чиптаро аз Русия ба Тоҷикистон кам будани талабот мегўянд, ки арзониро ба бор овардаст. Одатан фасли баҳор мавсими авҷи сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Талаботи зиёд ба чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия нархи онро то 700 доллари амрикоӣ боло бурда буд.
Айни ҳол нархи чипта то Маскав каме поён рафта ба 500 – 520 доллар расидаст.
Ба мусофиркашонӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 20 ширати ҳавопаймои ватанӣ ва хориҷӣ машғаланд.