Пешгирии амалиёти террористӣ аз сӯи Вазорати амнияти Озарбойҷон
Мақомоти амнияти Озорбойҷон аз пешгирии амалиёти террористӣ ҳангоми баргузории озмуни «Евровидения-2012» хабар додаанд.
Вазорати амнияти миллии ин кишвар гуфтааст, дар пайи як амалиёти зиддитеррористӣ тавонистаанд кӯшиши роҳандозии амалиёти террористиро аз сӯи ҷинояткорони маҳаллӣ безарар созанд. Онҳо тавонистаанд як гурӯҳи муташаккилро дастгир кунанд, ки бо мақсади ноором кардани вазъи ин кишвар нақшаи роҳандозии амалиёти террористиро доштаанд.
-Аъзои гурӯҳи террористӣ Падаров ва Сониев, ҳамчунин Элмир Нуралиев, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доштаанд, соли 2011 ғайриқонунӣ аз ҳудуди Русия ба хоки Озорбойҷон ворид шудаанд. Ҳамчунин як гурӯҳи ҷиноятпеша бо сарварии Падаров кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раисҷумҳури Озорбойҷон Илҳом Алиевро ҳангоми сафараш ба минтақаи шимолу ғарбии ин кишвар кардаанд, - гуфта мешавад дар изҳороти ин ниҳод.
Дар изҳороти Вазорати амният ҳамчунин омадааст, ки гурӯҳи Сониев муваззаф будааст то таркишҳоро дар ҷойҳои анбӯҳи хориҷиён, меҳмонхонаҳои Hilton Baku, JW Marriot Hotel Absheron, толори баргузории озмун Baku Crystal Hall ва майдони Парчами давлатӣ, наздикии ин толор, ҳангоми баргузории озмуни «Евровидение 2012» дар Боку доир намояд.
Вазорати амнияти миллии Озорбойҷон аллакай 40 нафар террористонро боздошт кардааст.