Масҷиди президенти собиқ тахриб гардид
Ҳудуди 17 нафар кушта ва теъдоди зиёди одамон маҷрӯҳ гардидаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои электронӣ рӯзи 3-юми июн дар масҷиди сунниҳо, воқеъ дар шаҳри Тикрити Ироқ таркиш ба амал омад. Бино ба иттилои расида ҷузъиёти инфиҷор ҳанӯз рӯшан нашуда ва таҳқиқот дар ин самт идома дорад.Ин масҷиди тахрибшуда, дар 130 километрии шаҳри Бағдод ҷойгир аст ва ҳанӯз дар замони сари қудрат будани собиқ президенти Ироқ Саддом Ҳусейн сохта шуда буд.