Кашфу мусодираи беш аз 15 кило «ҳашиш» дар Хуҷанд
Дар давоми шабонарӯзи охир дар доираи баргузории даври якуми амалиёти «Кӯкнор-2012» Раёсати агентии назорати маводи нашъаовар ду амалиёт гузаронида, аз гардиши ғайриқонунӣ миқдори зиёди маводи нашъадорро забт ва мусодира намуданд.
Тавре ба Озодагон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, кормандони РАНМН дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, истиқоматкунандаи 41-солаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлонро бо гумонбарӣ дар қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд. Зимни дастгир кардан ӯ бо худ ду адад халтаи селофанӣ доштааст, ки дар дохили он 64 адад маводи чоркунҷашакли ранги ҷигарӣ ва бӯи махсусдоштаро ҷойгир карда буд.
Дар пайи амалиёти дуюм кормандони раёсат дар ҳудуди ноҳияи Ғончӣ бо гумонбарӣ дар интиқоли маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21213», таҳти идораи истиқоматкунандаи ҳамин ноҳияро нигоҳ доштанд. Дар рафти азназаргузаронии автомашина ба кормандони оперативӣ муяссар гардид, ки аз дохили он ду бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 8 адад маводи китобчашакли рангашон ҷигарии бӯи махсусдошта аст, ёфт ва мусодира намоянд.
Мутобиқи хулосаи шӯъбаи ташхиси судии РАНМН маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи ҳашиш буда, вазни умумиашон қариб 15 килограмм -ро ташкил дод.
Бино ба иттилои манбаъ, қаблан ин ҳар ду нафар дастгиршудагон бо моддаи 200 қисми 4 кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон аз озоди маҳрум шуда буданд, вале ин барояшон сабақ нагардид.
Феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо Шӯъбаи тафтишотии агентӣ мутобиқи моддаи 200 қисми 4 кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Айни замон дастгиршудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии раёсати мазкур бурда шуданд ва тафтишот идома дорад.