Душанбе-2 ду бародарро ба комаш кашид
Ду бародар ҳангоми моҳидорӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, ин ҳодиса рӯзи 3-уми июн, соати 19:19 дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои номбурда бародарон дар рудхонаи Душанбе-2, назди наврузгоҳи Пойтахт ғарқ шудаанд.
«Ғарқшудаҳоро дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситоди шаҳри Душанбе соати 21:21 аз об берун карда, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ супорид»,-афзуд Ориф Нозимов.