Имзои санадҳо миёни Тоҷикистону Чин
Имрӯз миёни сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон Чин 5 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба Озодагон аз ВКХ хабард доданд, ду созишнома миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин доир ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои манбаъ, инчунин ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантини сифати молҳои ҷумҳурии мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нозирот ва карантини растанӣ ба имзо расид.
Ҳамчунин ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Саридораи геологияи Тоҷикистон ва Идораи геологияи ангишти музофоти Хэнани Чин ва созишномаи ҳамкорӣ миёни корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” (TALCO) ва ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин (CNBM) ба тасвиб расид.
Манбаъ афзуд, ки тибқи созишномаи миёни TALCO ва CNBM, бояд дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки сементбарорӣ бо номи “CNBM-TALCO семент” бунёд ёбад. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тон сементи навъи 620 хоҳад буд. Ин корхона бо навтарин техникаву технология муҷаҳҳаз шуда, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он аввалин шуда, чунин навъи баланди сементро истеҳсол хоҳад кард.
Тибқи нақшаҳои қаблӣ, навбати аввали он бо иқтидори солонаи 1 миллион тон семент бояд дар зарфи 14 моҳ сохта, ба истифода дода шавад.
Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона 5 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.